Tajiki Language Learning Podcasts
Tajiki podcast 010606
- Autor: Vários
- Narrador: Vários
- Editora: Podcast
- Duração: 0:03:05
- Mais informações
Informações:
Sinopse
Таъсиси ситоди махсус дар Вазорати энержии Тоҷикистон Вазорати энержии Тоҷикистон барои назорат ба раванди таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо нирӯи барқ ва ислоҳи садамаҳо дар ин масъала як ситоди махсус таъсис дод. Ба гуфтаи мақомоти ин вазорат, бинобар бидуни огоҳӣ қатъ шудани интиқоли барқ ба аҳолӣ, эътирози сокинон зиёд шуд ва ҳамарӯза беш аз 100 аризаи шикоятӣ ба унвони бахшҳои вазорати энержӣ мерасад. Мақомоти шабакаи таъмини барқи шаҳри Душанбе мегӯянд, бо омадани барфи аввал хаттҳои баландшиддати интиқоли барқ хароб ва зеристгоҳҳои барқӣ дучори садама шудааст. Бинобар сардии ҳаво аз якуми январ ба инҷониб истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе 70 % ва нисбат ба тобистон 3 мартаба афзудааст. Зӯҳро Раҳмонова, корманди шабакаи барқи пойтахти Тоҷикистон гуфт, бо сабаби кам будани кормандони шабакаи мазкур, на ҳамеша шикояти шаҳрвандон саривақт баррасӣ ва хатҳои интиқоли барқ тармим мешавад. Нозир Ёдгорӣ, сухангӯи вазорати энержии Тоҷикистон гуфт, ҳамакнун аз ҳисоби кормандони шабакаҳои ҷумҳуриявии таъмини барқ